ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Владимир Зеленский интизориҳои ИМА ва Аврупоро, ки зимни ҳамлаи ҷавобӣ пирӯзӣ ваъда дода буд, бароварда накард, изҳор дошт Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия.
Ӯ гуфт, ба ҳамин далел Вашингтон ва Брюссел шеваи суҳбаташонро дар мавриди даргирии Украина тағйир дода, изҳор медоранд, ки масъалаи музокирот комилан аз роҳбари ин кишвар вобастагӣ дорад.
Володин зикр намуд, ки қаблан Ғарб ба пирӯзӣ дар майдони ҷанг пойфишорӣ мекард.
"Пештар онҳо ба таври дигар мехостанд. Мегуфтанд, ки низоъ бояд танҳо дар майдони ҷанг ҳал шавад. Фаҳмиданд, ки бо Зеленский ҳеҷ пирӯзие нахоҳад буд. Вале онҳо намехоҳанд масъулиятро барои мағлубият бар дӯш бигиранд”, - навиштааст сиёсатмадор дар канали Telegram-и худ.
Ба гуфтаи вай, дар ин муддат нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳангоми ҳамлаи ҷавобӣ интизориҳои Вашингтон ва Брюсселро иҷро накарданд, зеро "Зеленский пирӯзиро ваъда дода буд".
"Вазъи сиёсии дохилии ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо мақомоти онҳоро водор мекунад, ки вокуниш нишон диҳанд. Амрикоиҳо ва аврупоиҳо ба баёни мавқеъи худ дар бораи рӯйдодҳои Украина шурӯъ карданд. Онҳо омода нестанд, ки барои сиёсати ҷанг бар манофеи миллатгароён ва олигархҳо аз ҷайби худ пардозанд", - афзуд Володин.
Вай таъкид кард, ки таваррум, болоравии нархҳо, мушкилот бо манобеъи энержӣ ва дигар норасоиҳо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупоро дар остонаи зимистон нигарон накарда наметавонанд.
Қаблан раҳбари дипломатияи аврупоӣ Ҷозеп Боррел дар матлабе дар рӯзномаи фаронсавии Journal du dimanche гуфта буд, ки маҳз Украина бояд шартҳои хатми низоъро муайян кунад.