Имзои санади навбатӣ барои оташбас миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва раиси КДАМ-и Қирғизистон санади навбатӣ дар бораи оташбасро ба имзо расонданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" мулоқоти раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид, ки дар ин бора Музаффар Юнусов, сардори хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои оқои Юнусов, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид намуданд.
Подписание соглашения между Таджикистаном и Кыргызстаном
Дар ин мулоқот таъкид гардид, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад.
Дар анҷоми ин музокирот Тоҷикистону Қирғизистон санади наверо ба имзо расонданд.
Ёдовар мешавем, ки даргирии густарда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа оғоз шуд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд. Қариб дар тамоми хатти сарҳад задухӯрди шадиди миёни низомиёни ду кишвар тамоми рӯз идома кард. Ба оташбас танҳо шаб даст дод.
Подписание соглашения между Таджикистаном и Кыргызстаном
Субҳи рӯзи шанбе задухӯрдҳои фосилавӣ аз сар гирифта шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи созишномаи оташбас муттаҳам карданд. Чониби Қирғизистон танишро ба марзҳои шарқии Тоҷикистон кӯчонид, ки дар гузашта чунин ҳолат набуд.Тирпарронӣ танҳо шоми шанбе қатъ шуд.
Ба гузориши КДАМ Тоҷикистон, низиёмиёни қирғиз бо силоҳҳои вазнин ва ҳатто бесарнишинҳо манотиқи аҳолинишини наздимарзиро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт.
Ҷониби Бишкек хабар дод, ки бар асари даргириҳо 59 нафар кушта ва 163 нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистон бошад, аз 41 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.