Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Фоҷиаи муноқишаи марзӣ дар Чоркӯҳ: 6 узви як хонавода чӣ гуна кушта шуданд?

Аъзои як хонавода аз ҷамоати Чоркӯҳ ба ҳисоби модаре, ки дар батнаш тифл дошт, аввал дар манзилашон захмӣ гардида, баъдан, дар роҳ ба бемористон кушта шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Мошини ёрии таъҷилӣ, ки онҳоро ба бемористони шаҳри Исфара мерасонд, дар болои купрӯк, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Чорқишлоқи Исфара, ҳаммарз бо деҳаи Қаробоғи Ботканд ҳадафи гулулаборон қарор гирифта, ронанда ва табиб дар ҷойи ҳодиса кушта шуданд.
Пайвандони ин хонавода мегӯянд, ин ҳодисаи мусибатангез субҳи рӯзи 16 сентябр рух дод ва якбора шашузви хонавода ба ҳисоби се тифли маъсумро аз байни онҳо рабурд.
Асатилло Ҷалилов, хоҳарзодаи Муҳайё Фаёзоваи кушташуда дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҷузиёти он ҳодисаи мудҳишро нақл кард.
Ӯ, изҳор намуд, ки он субҳ хост холаву хоҳар ва дигар пайвандони хонаводаро аз маҳалли тирборон берун барад, вале дар болои мошинаш тир онҳоро захмӣ намуд.
“Ман онҳоро ба мошинам Портер савор карда ба хонаам ба ҷойи амн мебурдам, ҳанӯз ҳаркат накарда миномёт партоб шуд ва пораҳояш ҳамаи онҳоро захмӣ намуд. Фиғони онҳоро шунида хостам то мошини ёрии таъҷилӣ расондам. Онҳо ба мошини 03 савор шуда ҳамроҳи табиб ба Шифохонаи марказии шаҳри Исфара равон шуданд, аммо ними роҳ дар болои купрук мошини ёрии таъҷилӣ ҳадафи гулулаборони низомиёни қирғиз қарор гирифта сӯхтааст” - нақл кард, Ҷалилов.
Тоҷикистон аз ҷаҳониён хост, ба муноқиша дар марз баҳои одилона диҳанд
Дар натиҷаи ин ҳодиса Муҳайё Фозилова, модари хонадон, келинҳояш Дилноза ва Садоқат ҳамроҳ бо кӯдаконашон Муҳаммадимрони Илҳомҷон ва Асомахони Амриддин кушта шуданд.
Пайвандони хонаводаи Фаёзовҳо мегуянд, Садоқат ба ҷузъ духтарчае, ки ҳамроҳаш буд, дар батнаш тифл дошт, ки вақти таваллуд шуданаш наздик буд, аммо он тифл ҳанӯз ба дунё наомада ҳамроҳ бо модару хоҳару очааш кушта шуд. Дар натиҷаи ин фоҷиаи марзӣ дар умум шаш узви як хонавода ва Камолиддин Ашӯров, сартабиби бунгоҳи тибии ҷамоати Сурх ва ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ дар роҳ кушта шудаанд.
Камолиддин Сироҷов, покшӯи сокинони вафоткарда ва аз пайвандони хонаводаи Фаёзовҳо мегуяд, вақте барои интиқоли ҷасади кушташудаҳо ба маҳалли ҳодиса рафт, ҳолати онҳоро дида фиғонаш ба осмон печид.
“Ҳамаашон сӯхта буданд. Танҳо ними тани кӯдакчаи дар батни модар буда сиҳат буд, вале беҷон” – бо фиғон нақл кард, Сироҷов.
Неъматҷон Олимов, як ходими ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ин замон ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ин гуна мавриди тирпарронии низомиёни қирғиз қарор нагирифта буд.
Пас аз гуфтушунид роҳи Чоркӯҳ - Ворух боз шуд
Ӯ, гуфт барои пиёда кардани чунин муноқишаи мусаллаҳона низомиёни қирғиз аз қабл омода дидаанд.
“Пештар тавассути дронҳои худ иншоотҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла масҷид ва мактабҳоро сабт карда буданд. Баъди чанде муносибатҳо ру ба беҳбудӣ буд, аммо рӯзи 16 сентябр чунин корро карданд” - зикр кард, Олимов.
Ин ходими ҷамоат чунин амалкарди марзбонони қирғизро, хилофи арзишҳои инсонӣ донист, ки ҳеҷ кишваре муқобили кишвари ҳамсояи худ раво надидааст.
“Шояд кӯдакону модаронашон, ки бо мошини ёрии таъҷилӣ дар роҳ буданд, дар Бемористон захмҳояшон тадовӣ мешуд, аммо марзбонони қирғиз онҳоро дубора ҳадафи тирборон қарор дода куштаанд. Кӯдакон чи гуноҳ доранд?” - изҳор намуд, ходими ҷамоати Чоркӯҳ.