Шаш генерали нав дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 6 нафари дигар рутбаи генералӣ гирифтанд, ки дар бахшҳои гуногун - аз буҷаю молия то омодагии ҳарбӣ хизмат мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Шаш полковники Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рутбаи генералӣ гирифтанд.
Бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ахиран дар пойгоҳи асноди ҳуқуқии ҷумҳурӣ нашр шуд, дар феҳрасти генерал-майорҳои нав аз ҷумла Азиззода Ҳафиз Ҷаббор, сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ мебошад.
Сафарзода Ҷамшеду Сафар низ, ки роҳбарии раёсати омодагии ҷангии Вазорати мудофиаро ба уҳда дорад, соҳиби рутбаи генералӣ шудаст.
Дар рӯйхати генералҳои навпогон инчунин Ҳакимзода Зариф Юнусӣ зикр шудааст, ки сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мебошад.
Нозире, ки ноиби вазир шуд. Генерал Насимзода кист?
Назарализода Собирхон Акмал, сардори раёсати буҷету молияи Вазорати дифои ҷумҳурӣ низ аз ҷумлаи афроде мебошад, ки рутбаи полковникиро канор гузошту погону генералиро ба китф часпонд.
Шарифзода Парвиз Шодӣ, сардори раёсати алоқа ва технологияи иттилоотии Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ сазовори рубтаи генералӣ дониста шудаст.
Аз ҷумлаи генералҳои дигар, Ҳафиззода Илҳомҷон Аловудин, сардори раёсати омодагии муштараки ҷангии Маркази банақшагирию омодасозии нерӯҳои муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мебошад.