Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Путин аз Раҳмону Ҷабборов хост, созиш кунанд: Русия омодаи миёнҷигарист

Раисҷумҳури Русия аз ҳамтоёни тоҷику қирғизаш даъват намудаст, ки ба шиддати бештари вазъ роҳ надиҳанду омодагии Маскавро барои мусоидат пешниҳод намудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои русиягияш, Владимир Путин даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбат вазъ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон, масъалаҳои рушди вазъият дар Осиёи Марказӣ дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт.
"Ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, баррасӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти Кремл хабар додаст, ки Путин дар баробари суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов низ роҳи коҳиши шиддат дар марзро баррасӣ намудаст.
Раисҷумҳури Русия аз ҷонибҳо даъват намудаст, ки ба шиддати бештари вазъ роҳ надиҳанду барои танзими масъала чораандешӣ намоянд.
Ҳалокати 28 мулкӣ, аз ҷумла кӯдакон: Эълони теъдоди тоҷикистониҳои кушташуда дар марз
Таъкид шудаст, ки вазъ ҳарчи зудтар танҳо бо роҳи мусолиматомез, бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ҳал гардад.
Путин омодагии Русияро барои мусоидат дар эътидоли вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баён доштааст.
Созиш шудааст, ки ҷонибҳо тамосҳо дар ин масъаларо минбаъд идома хоҳанд дод.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки аз ҳар ду ҷониб даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғози даргирӣ ва шиддати вазъ муттаҳам мекунанд.
Феълан вазъ дар марз нисбатан ором арзёбӣ гардида, музокираи ҷонибҳо идома дорад.