ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ҷониби Қирғизистон бо дурӯғпароканию душмантарошӣ карда, азм дорад, дар симои Тоҷикистон "таҷовузкор" тасвир созад.
Ин нуктаро Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот баён кардааст. ВУХ Тоҷикистон бо таъкиди он ки ҷониби Қирғизистон борҳо бо нақзи тамоми меъёрҳо қаламрав, сокинони осоиштаю инфрасохтори мулкиро ҳадафи зарба аз аслиҳаи вазнин қарор додаст, афзуд, ин кишвар боз азми душмантарошӣ дорад.
Ин ниҳод аз ҷумла зикр кардааст, ки рӯзи 17 сентябр президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни муроҷиат ба мардумаш дар хитоб ба Тоҷикистон калимаи "душман"-ро кор бурдаст, ки хилофи рӯҳияи дӯстию ҳамсоядории нек мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷабборов ахиран дар робита ба даргириҳои марзӣ аз мардонагии сарҳадбононаш тавсиф кард, ки "дар баробари душман истод шуданд".
Вай бо баёни ҳамдардӣ ба пайвандони ҳамватанҳои қурбоншудааш, афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон низ талафоти зиёд додаст. Ҷабборов таъкид намуд, ки талош мекунанд, корҳо барои аломатгузории марзро таҳким бахшанд.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки аз ҳар ду ҷониб даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғози даргирӣ ва шиддати вазъ муттаҳам мекунанд.
Феълан вазъ дар марз нисбатан ором арзёбӣ гардида, музокираи ҷонибҳо идома дорад.