Беш аз 73 ҳазор тон пахта ҷамъ шуд: То иҷрои нақша чӣ қадар монд?

Пахтакорони тоҷик азм доранд, ки соли равон 425 ҳазор тон "тилои сафед" ҷамъ оранд. Феълан ҳосилғундорӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба ҳолати нимаи сентябр дар Тоҷикистон зиёда аз 73 ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ шудааст, хабар дод "Ховар" аз қавли Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми ҷамъоваришудаи пахта беш аз 63 ҳазор ба вилояти Хатлон, 9,6 ҳазор тонна ба вилояти Суғд ва 448 тонна ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд.
Зикр шудаст, ки соли равон дар ҷумҳурӣ бояд дар 186 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешуд, аммо тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ танҳо дар 181,5 ҳазор гектар чигит кишт шудаст.
"Аз майдони киштшуда 57,1 ҳазор гектар ба вилояти Суғд, 121,6 ҳазор гектар ба вилояти Хатлон ва 2,6 ҳазор гектар ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷамъоварии 1351 тонна пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи нақша, имсол кишоварзон 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.
Зикр шуд, ки кишоварзони мамлакат дар ин шабу рӯз ҳосили якуми пахтаро ҷамъоварӣ намуданд ва барои ҳосили дуюм дар заминҳои пахтазор обмонӣ намуда истодаанд.
Оғози ҷамъоварии пахта дар ҳолест, ки аксаран ғундоштани пахта дар ҷумҳурӣ дастӣ сурат мегирад, чун техника на ҳамеша дар бахши кишоварзии кишвар дастрас аст.
Бар асоси омори расмӣ, соли равон дар кишвар 36 мошини пахтачинӣ мавҷуд буда, аз он 27 адад барои ҷамъоварии пахта пурра омодаанд. Аз ин шумора 24 адад ба вилояти Суғд ва 11 адад ба вилояти Хатлон рост меояд.