Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Зас: муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд бо роҳи осоишта ҳал шавад

Суҳбати телефонӣ бо Дабири кулли СПАД бо ибтикори вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулумбоев сурат гирифта, дар он таъкиди фаврь ба оташбас шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Муноқиша дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо бо роҳи осоишта ҳал шавад.
Дар ин бора дар сӯҳбати телефонии Дабири кулли СПАД ва вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулубоев зикр шудааст.
"Тарафҳо аҳамияти оташбаси фавриро қайд карда ва истифодаи нерӯву аслиҳаи вазнин, аз ҷумла тӯпхона ва РСЗО-ро ғайриқобили қабул медонанд", — омадааст дар хабари дафтари матбуоти созмон.
Қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маълумотеро мунташир карда буд, ки тибқи он ҷониби Қирғизистон сарфи назар аз созиши оташбас ба посгоҳи марзӣ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара ва ҳамчунин ба гузаргоҳи "Сарҳадчӣ"-и отряди марзии Лахш ҳамла кардааст.
Низомиёни қирғиз новобаста аз оташбас қаламрави Тоҷикистонро дубора тирборон карданд
Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи ду кишвар субҳи 16 сентябр бо шиддати тоза авҷ гирифт. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт ки низомиёни дидбонгоҳи марзии "Кӯктош"-и отряди марзии Бодканди Қирғизистон созишномаҳоро нақз карда, оташ кушодаанд. Онҳо ба сӯи дидбонгоҳи "Душанбе"-и отряди сарҳаддии "Исфара" тир холӣ карданд.
Нерӯҳои низомии Қирғизистон ба деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара ва Хистеварз ва Овчиқалачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд.
Дар натиҷаи даргирӣ 7 сокини маҳаллӣ кушта, 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомоти тоҷик ҳамзамон ҳамалоти паҳбодии Қирғизистонро ба маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон қайд карданд.