Сафири Русия аз талоши Киев барои иҷрои сенарияи нави "Боча" хабар дод

Низоми Киев дар остонаи баргузории ҷаласаи васеи СММ нақшаи сохтани як Бучаи дигар ва бон ин кор иғвои навбатӣ алайҳи Русияро дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сент — Sputnik. Киев талош дорад сенарияи Бучаро такрор кунад ва дар оғози ҳафтаи иҷлоси баландпояи Маҷмаи Умумии Созмони Милал саъй дорад таваҷҷуҳи ҷомеъаи ғарбиро дар масоили Украина равон кунад.
Дар ин бора сафири Русия дар Канада Олег Степанов изҳор дошт.
"Сухан дар бораи боз як ҳодисаи иғвогарона, кушиши ба тарзи нав ичро кардани Буча меравад. Ин ҳама рӯшан аст ва ин дар остонаи ифтитоҳи ҳафтаи Маҷмаи Умумии СММ барои сафарбар кардани як бахши муайяни афкори ҷомеаи Ғарб дар масъалаи Украина анҷом мешавад", - гуфт ӯ.
Дипломат қайд кард, ки Ғарб бар зидди Русия ҷанги иттилоотӣ оғоз кард, аммо таърих ҳама чизро дар ҷои худ хоҳад гузошт, мисли силоҳи кимиёвӣ дар Сурия.
Қобили зикр аст, ки мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ навори ҷасадҳоро дар роҳҳои шаҳри Боча нашр карданд, ки пас аз хуруҷи артиши Русия гирифта шудааст.
Ҳамзамон вазорати дифои Русия дар баёнияе иттиҳомоти Киев дар бораи куштори ғайринизомиён дар Бучаро рад кард ва эълом кард, ки аксу наворҳои нашркардаи ин режим дар бораи "ҷиноятҳои артиши Русия" дар Буча як амали дигари иғвоангез аст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳушдори Володин ба Вашингтон аз оқибати мусаллаҳсозии Киев
Директори Пажӯҳишгоҳи мутолеъоти сиёсӣ, сиёсатшинос Сергей Марков низ мутмаин аст, ки иғво хоҳанд буд.
"Дар Балаклея, Купянск ва Изюм Бучаи нав тайёр карда мешавад. Механизм мисли Буча хоҳад буд", — навиштааст Марков дар канали Telegram-и худ.
"Низомиёни режими Киев он шаҳрвандони осоиштаро муайян мекунанд, ки ҳадди аққал бо мақомоти Русия ҳамкорӣ кардаанд. Ин одамони осоиштаро берахмона тирборон мекунанд ва дар бораи эъдоми оммавии мардуми осоишта аз ҷониби артиши Русия дар расонаҳо хабар дода мешавад. Матбуоти ғарбӣ фаъолона иттиҳомоти зидди Русияро пахш мекунанд",- афзуд ӯ.