Сарони кишварҳои узви СҲШ изҳорномаи Самарқандро ба имзо расониданд

Сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай изҳорномаи ниҳоиии ҷаласаи Самарқандро қабул намуданд. Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ анҷом ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар санади имзошуда нияти афзоиши ҳамкориҳо дар заминаи дифоъ ва амният эълом шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Ҳамзамон дар ин санад чанд масъалаи муҳими дигар қайд шудааст аз ҷумла:
Кишварҳои ин созмон барои паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ва боз ҳам кам кардани силоҳ баромад карданд.
Раҳбарон дар мавриди таҳияи феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ ба мувофиқа расиданд.
Президентҳо бо баҳонаи мубориза бо терроризм дахолат кардан ба корҳои давлатҳоро ғайри қобили қабул эълон карданд.
Ҳалли зудтари вазъ дар Афғонистон омили таҳкими амният дар фазои СҲШ гардид.
Президентҳо ба тарафдории густариши амалияи тадриҷан зиёд кардани ҳиссаи пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила изҳори назар карданд.
СҲШ зарурати ҳамкориҳои минбаъдаро дар мубориза бо коронавирус таъкид кард.
Раҳмон аз роҳбарони кишварҳои узви СҲШ хост, пешниҳодҳояшро ҷонибдорӣ кунанд
СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Кишварҳои узви ин созмон Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозири СҲШ Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ва кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд.