Раҳмон аз роҳбарони кишварҳои узви СҲШ хост, пешниҳодҳояшро ҷонибдорӣ кунанд

Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай масъалаи тағйирёбии иқлимро ба миён гузошта, аз нобудшавии пиряхҳо нигаронӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай хост, пешниҳодҳояш дар мавриди ҳифзи пиряхҳоро ҷонибдорӣ намоянд.
Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд изҳор дошт, ки тайи 40 соли охир беш аз 1 ҳазор пирях дар Тоҷикистон аз байн рафтанд.
Бо назардошти ин раванд, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад. Ӯ ҳамчунин масъалаи таъсиси Бунёди ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузошта, хостори ҳимоят аз ин ташаббусҳо шуд.
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан масъалаи ҳифзи пиряхҳоро дар нишастҳои байналмилалӣ ба миён гузошта буд.
Ӯ изҳори нигаронӣ карда буд, ки пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст
Ба иттилои раисҷумҳур, барои пажуҳиши пиряхҳо, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намудааст.
Инчунин бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо, дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд.