Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Пас аз оташбас: Сокинони деҳаҳои наздимарзӣ, мегӯянд ҳанӯз садои тир шунида мешавад

Сокинони ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи садои гушхарошу ваҳмангези тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон хабар медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Бино ба иттилоъи сокинон тирпарронӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои Зумрад ва Овчиқалъача шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳаммарз бо деҳоти Ботканд ва Лайлаки Қирғизистон хатм нашудааст.
Як масъули ҷамоати Зумрад ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҷониби қирғизҳо сарфи назар аз музокироти мақомоти баландмақоми ду кишвар ба тирпарронӣ хотима набахшидаанд.
“Қирғизҳо ҳамоно тирпаррониро хатм накардаанд. Онҳо аз дидбонгоҳии марзи худ бо номи “Достук” сӯи маҳалли аҳолинишин тиркушоӣ доранд”, - иброз намуд, корманди ҷамоати Зумрад.
Дар ҳамин ҳол, манобеъ аз ҷамоати наздимарзии Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи тирпарронӣ дар марз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон хабар медиҳанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тавофуқи Раҳмон ва Ҷабборов барои таҳқиқи сабабҳои таниши марзӣ
Бино ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ тирпарронӣ умдатан аз ҳудуди деҳаи Мақсади қирғизҳо шунида мешавад.