Нигаронии Раҳмон аз террористҳо дар Афғонистон ва таъкидаш ба зарурати ҳукумати фарогир

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз мавҷудияти хатарҳо атрофи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳушдор дода, таҷаммӯи террористҳоро дар Афғонистон мисол овард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ҳамкорӣ дар бахши амният бояд самти афзалиятноки фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шавад.
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ баён дошт.
Ӯ гуфт, шиддати танишҳо дар атрофи СҲШ коҳиш наёфтааст ва Афғонистонро мисол овард, ки бесуботиҳо дар он ҳудуди ним аср давом доранд. Раисҷумҳури Тоҷикистон роҳи ҳалли буҳрони Афғонистонро ташкили ҳукумати воқеан фарогир бо ҳузури тамоми гуруҳҳои сиёсию этникии ин кишвар хонд.
Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба мушоҳидаҳо изҳор дошт, ки ҳузури созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Вай ҳушдор дод, ки ин созмонҳо мавқеяшонро дар Афғонистон устувор намуда, пойгоҳ барои густариши фаъолият ба дигар кишварҳоро фароҳам месозанд
Мирзиёев аз СҲШ хост, роҳи фароафғонистониро пуштибонӣ кунад
"Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бояд вазъро пайгирӣ кунаду вобаста ба ҳолат пешдастӣ намояд", - изҳор дошт.
Масъалаи дигари хатарзо ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон мебошад.
Дар ин робита ӯ пешниҳод намуд, ки ниҳоди муштараки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар доираи СҲШ ташкил гардад.
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд идома дорад. СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.