Манбаъ: 7 тоҷикистонии мулкӣ куштаю 15 нафар аз тири ҷониби Қирғизистон маҷруҳ шуданд

Манобеъ аз навоҳии марзии шаҳри Исфара бо такя ба иттилои аввалия теъдоди тақрибии кушташудаҳою маҷруҳонро аз ҳисоби сокинони мулкӣ баён доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Ҳадди ақал 7 сокини мулкии Тоҷикистон аз тири ҷониби Қирғизистон кушта шуда, 15 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ин бора сокинони наздимарзии шаҳри Исфара хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар Ворух 6 сокини ғайринизомии ин ҷамоат аз зарбаи ҷониби Қирғизистон кушта шуда, 11 тани дигар захмӣ шуданд.
Аз кушташудаҳо дар Ворух аъзои як хонавода зикр мегардад, ки манзили онҳо зери гулӯлаи миномёту пулемёт қарор гирифтааст.
Қаблан аз кушта шудани як нафар ва захмишавии 3 тани дигар дар ҷамоати Чилгазии Исфара хабар дода буданд.
Созиши Ятимов ва Тошиев барои оташбас: Гуфтушунид дар марзи Ӯзбекистон гузашт - акс
Инчунин бино ба иттилои дарёфтӣ, бар асарии тирпарронии марзӣ раиси кони ангишти "Шӯроб" низ ҷароҳат дидааст.
Расман мақомоти Тоҷикистон дар бораи талафот миёни низомиёну мулкиҳо ҳанӯз иттилое надодааст. Мақомоти тандурустии Қирғизистон мегӯяд, бар асари даргирии марзӣ 42 шаҳрвандашон бистарӣ шудаанд. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғози ташаннуҷи марзӣ муттаҳам мекунанд.
Даргирии марзии навбатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 16 сентябр рух дода, баъди ҳудуди 10 соат ҷонибҳо аз эълони оташбас хабар доданд, ки аз соати 15:00 бо вақти Душанбе амал мекунад.