Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Куштаю маҷруҳон миёни сокинони мулкию марзбонон: талафоти Тоҷикистон дар даргирии марзӣ

Тирпарронии ахири марзӣ, ки бисёре аз нуқоти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро фаро гирифтааст, кушташудаю маҷруҳон барҷой гузоштаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Манобеъ аз ҳалокати ду сокини мулкии Тоҷикистон бар асари даргирии ахирӣ марзӣ бо Қирғизистон хабар доданд.
Ба иттилои мусоҳиб, дар ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара бар асари тирпарронии ҷониби Қирзизистон 1 сокини мулкӣ куштаю 3 нафар захмӣ шудаанд. Ҳамчунин аз кушта шудани сокини мулкӣ дар ҷамоати Чоркуҳ хабар дода мешавад.
Бархе манобеъ таъкид намуданд, ки талафот миёни низомиёни тоҷик низ ҳастанд, аммо феълан теъдоди дақиқ маълум нест.
Расман мақомоти тоҷик дар бораи куштаю маҷруҳон ҳанӯз иттилое надодаанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Эълони оташбас ва идомаи тирпарронӣ: КДАМ Тоҷикистон аз аҳдшиканию ҳамлаи Қирғизистон гуфт
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, даргирӣ аз он оғоз шуд, ки сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии "Коктош"-и отряди сарҳадии Ботканди Қирғизистон соати 04:50-дақиқаи субҳ аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии "Душанбе"-и отряди сарҳадии Исфараро гулӯлаборон карданд. Гуфта мешавад, ки феълан даргирӣ дар нуқоти дигари сарҳадӣ низ идома дорад.
Манбаъ афзуд, новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар оғози даргирӣ муттаҳам карда, афзуданд, ки 4 марзбони қирғиз осеб дидаанд.