ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват намудааст, ки даргириро хотима бахшанду мушкилотро аз роҳи мусолиҳа ҳал кунанд.
Ин нукта дар суҳбати телефонии Станислав Зас, дабири кулли СААД зимни суҳбати телефонӣ бо дабирони амнияти Тоҷикистону Қирғизистон, Насрулло Маҳмудзод ва Марат Имонқулов таъкид шудааст.
"Ҷонибҳо зарурати қатъи фаврии тирпаррониро таъкид намуда, музокирот миёни ниҳодҳои масъули Тоҷикистону Қирғизистонро муҳим хондаанд", - омадааст дар иттилоия.
Бо вуҷуди ин даргирӣ аз субҳи барвақт то ба ҳолати 11:00 идома дошта, Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози ин задухӯрдҳо ва нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд.
Таъкид шудаст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.