ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд бо Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот кард.
Маълум аст, ки раҳбарони ду кишвар масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ кардаанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Ҷонибҳо аҳамияти ташкили минтақаи тиҷоратии наздимарзӣ, тавсеаи сандуқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо ҷалби сармоя аз фонди муштараки сармоягузориро баррасӣ мекунанд.
Зимни мулоқоти сарони кишварҳо таъкид гардидааст, ки натиҷаҳои мулоқоти Самарқанд ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмон ва афзоиши нуфузи СҲШ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Президентҳо тавсеа ва амиқтар шудани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва иттифоқи байни ду кишвари бародарро қайд намуда, инчунин аҳамияти оғози татбиқи амалии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи обии Ёвонро таъкид карданд, ки он манфиатҳои ҳар ду мамлакат ва тамоми минтақа мувофиқ аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе дар Самарқанд нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай оғоз шуд, ки дар он раҳбарони кишварҳои узви ин созмон, кишварҳои нозир ва раисони ҷумҳурии даъватшуда ширкат доранд.
Дар солҳои 2021-2022 Ӯзбекистон раиси СҲШ мебошад. Дар давраи раёсатии ин ҷумҳурӣ тақрибан беш аз 80 чорабинӣ баргузор шуда, ҳамоҳангсозии тақрибан 30 санад, ки дар натиҷаи нишасти Самарқанд қабул хоҳанд шуд, анҷом ёфт.
Ин ҳуҷҷатҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои узви СҲШ нигаронида шуда, барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳо дар доираи созмон пешбинӣ шудаанд.
Маълум аст, ки дар ин ҳамоиш сарони 15 давлат ва сарони наздик ба даҳ созмони байналмиллалӣ ва минтақавӣ, ки СҲШ бо онҳо робитаҳои расмӣ барқарор кардааст, аз ҷумла СММ, ЭСКАТО, ЮНЕСКО, ИДМ, СПАД, ИИАО ЭКО ва Лигаи Араб ширкат доранд.
Дар ҳоли ҳозир ба СҲШ, ки соли 2001 таъсис ёфтааст, Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон ва Покистонро дар бар мегиранд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд.
Дар нишасти сарони СҲШ дар Душанбе дар моҳи сентябри соли 2021 тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд. Соли ҷорӣ Беларус расман барои пайвастан ба СҲШ ба унвони узви комилҳуқуқ дархост пешниҳод кард.