ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Мавзуи аслии ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар бахши амният афзоиши ташаннуҷ дар Афғонистон аст. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт.
"Ҳамкорӣ дар бахшҳои амниятӣ, низомӣ ва низомию фаннӣ барои мо як самти муҳим боқӣ мемонад. Табиист, ки афзоиши ташаннуҷ дар Афғонистон як масъалаи аслии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар заминаи амният аст", — таъкид кард вазири корҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи вай, Маскав ва Душанбе барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро амалӣ мекунанд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар сӯҳбат бо РИА Новости афзуд, зарурати иҷрои ҳатмии он ба таври комил аз ҷониби раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқотҳои ахири худ таъкид шудааст.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки Маскав ва Душанбе ба муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав, назири терроризми байналмилалӣ, ифротгароии мазҳабӣ ва қочоқи маводи мухаддир манфиатдоранд.
Саъю талошҳои муштараки Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар ин самт ба нигоҳ доштани субот на танҳо дар як ҷумҳурӣ, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, гуфт ӯ.
Сергей Лавров афзуд, Маскав барои шаклҳои нави ҳамкорӣ бо Душанбе дар бахши низомиву фаннӣ омода аст.