Ҷамъоварии 1351 тонна пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имсол хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 8028 гектар чигит кишт намуда, имрӯзҳо бо ҷалби ҳашарчиён ба чиниши ҳосил шуруъ намудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Ба ҳолати 13 сентябр дар ноҳия аз аввали мавсим 1351 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки 13 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни ҷамъоварии пахта шинос гардид.
Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия, ҳамарӯза беш аз 9000 нафар ба ҷамъоварии пахта машғул буда, то имрӯз 1351 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.
Қайд карда шудааст, ки раиси вилоят бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Т. Қӯшатов шинос шуда, дар маъракаи пахтачинӣ иштирок кард.
Тоҷикистон вориди сегонаи кишварҳои асосии таъминкунандаи пахта ба Русия шуд
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки заркорони ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 407 тонна ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Т. Қӯшатов 300 тонна пахта ба хирман супорида, тасмим гирифтаанд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид нақшаи пешбинишударо сари вақт иҷро намоянд.
Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулин ва пахтачинону пахтакорон суҳбат карда, барои иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта ва сари вақт пардохтани музди чинакчиён супоришҳо дод.