Гулчанбаргузорӣ ва дуохонии Раҳмон дар оромгоҳи Ислом Каримов - видео

Сафари кории раисҷумури Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон аз зиёрати оромгоҳи раииҷумҳури аввалини Ӯзбекистон Ислом Каримовро оғоз ёфт
Sputnik
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 15 сентябр барои ширкат дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай вориди Ӯзбекистон шуд.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов оғоз гардид.
Раҳмон вориди Самарқанд шуд: ӯ нахуст қабри Каримовро зиёрат кард
Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти навбатии сарони СҲШ дар Ӯзбекистон имзои беш аз 30 санади мухталиф дар назар аст, ки нақшаи иҷрои Созишномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2027 аз ҷумлаи онҳост. Инчунин созишномаи ҳусни тафоҳум бо бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаст.
Ҳамчунин интизор меравад, ки ёддошти тааҳҳудоти Эрон барои дарёфти мақоми узви СҲШ низ имзо шаваду раванди қабули Белорус ба ҳайси узви ин созмон оғоз гардад.