ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Соҳибкорони вилояти Красноярски Русия рӯзи 14 сентябр ба вилояти Суғд меоянд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, соҳибкорони рус тайи рӯзҳои 14-17 сентябр дар вилояти Суғд бо тоҷирони вилоят мулоқот намуда, ҷиҳати табодули молу маҳсулот мубодилаи афкор менамоянд.
“Ҳамзамон дар назар аст, ки меҳмонон бо имконияти мавҷудаи соҳаи сайёҳии вилояти Суғд шинос гарданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Зикр карда шуд, ки меҳмонон аз Регистони Панҷшанбе, Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Боғи миллии “Ваҳдат”, Баҳри тоҷик, корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид карда, дар Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 15-18 сентябр дар Тоҷикистон Форуми сармоягузории Русияву Тоҷикистон ва моҳи октябр намоишгоҳи муҳандисии тахассусии “Спестмаш – Тоҷикистон 2022” баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар 7 моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Русия 908,3 млн долларро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 268 млн доллар ё 42 дарсад бештар аст.
Ахиран дар маросими таҷлили Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Маскав вазири иқтисоди Русия Максим Решетников гуфт, ки соли 2021 нишондиҳандаи гардиши савдои дуҷониба ба 1,4 млрд доллар баробар шуда, нисбат ба соли 2020 380 млн доллар ё ин ки 40 фоиз афзоиш ёфт.