ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Дар натиҷаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба як мошини мусофирбари масири Чоркӯҳ – Исфара гулӯла исобат кардааст, иттилоъ доданд манобеи мо аз ҷамоати Чоркӯҳ.
Як манбаъ аз ҷамоти Чоркӯҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аз зарби тир, ки сарҳадбонони қирғиз ҳаво додаанд, чор мусофири дохили “Газел” дар роҳ захмӣ шудаанд.
“Ҳоло мусофирони захмишуда ба шифохонаи минтақавии Чоркӯҳ интиқол дода шудаанд”, иброз намуд, манбаъ аз Чоркӯҳ.
Рухдоди тирпарронӣ дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳ дар марз бо “Самарқандак” и Қирғизистон дар ҳолест, ки субҳи имрӯз соати 7:15 дақиқа дар ҷамоати Ворух воқеъ дар минтақаи Кех миёни сарбозони ду кишвар тирпарронӣ рух дода буд.
Бино ба гуфти манобеъ дар натиҷаи ин ҳодиса як марзбони тоҷик ба шаҳодат расида ду тани дигар захмӣ шудаанд.
Ҷониби Қирғизитон танҳо дар бораи захмӣ шудани ду сарбозаш дар минтақаи “Кех” хабар додааст.