ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Бар асари тирпаронии нерӯҳои Қирғизистон сӯйи марзбонони Тоҷикистон 1 нафар кушта ва 2 нафар маҷруҳ шудаанд. Дар ин бора манобеи Sputnik Тоҷикистон хабар доданд. Расман мақомоти тоҷик дар бораи талафот ҳанӯз изҳори назар накардаанд.
Як манбаъ аз ҷамоати Ворух гуфт, ки се сарбози маҷруҳро ба Шифохонаи минтақавии ҷамоат интиқол доданд, вале як нафари онҳо ба шаҳодат расид.
Манобеъ аз бемористони марказии шаҳри Исфара иттилоъ доданд, ки ҳоло он ду сарбози захмишударо барои табобат аз Ворух ба марказ фиристодаанд.
"Онҳо дар шуъбаи эҳё бистарӣ карда шудаанд. Ҳоло таҳти муроқибати табибон қарор доранд", - гуфт манбаъ.
КДАМ Тоҷикистон ахиран иттилоъ дод, ки тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех"-и Исфара парондаанд.
Таъкид шудааст, ки сипас мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои автомату пулемёти Калашников ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт.
"Ғайр аз ин, аз ҷониби Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд", - омадааст дар иттилоия.
КДАМ изҳор доштааст, ки дар ин вазъият нерӯҳои Тоҷикистон оташи ҷавобӣ кушодаанд.
Ин ниҳод афзудааст, ки айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон марзбонони тоҷикро муттаҳам мекунад, ки дар минтақаи муайяннашудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд ва дар посух ба талаботи низомиёни қирғиз барои тарки ин макон оташ кушодаанд. Таъкид гардидаст, ки аз ҷониби Қирғизистон дар ин даргирӣ талафоте нест.