ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рух додааст.
Дар ин бора Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дода, афзудааст, ки ҳодиса дар минтақаи Булакбошии вилояти Бодканд рух додаст. Ба ҳолати 9:30 бо вақти маҳаллӣ гоҳо тирпарониҳо рух дода истодаанд, афзудаст манбаъ.
Ҷониби Қирғизистон марзбонони тоҷикро муттаҳам мекунад, ки дар минтақаи муайяннашудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд ва дар посух ба талаботи низомиёни қирғиз барои тарки ин макон оташ кушодаанд. Таъкид гардидаст, ки аз ҷониби Қирғизистон дар ин даргирӣ талафоте нест.
Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодааст.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи июни соли равон дар мавзеи Кехи ҷамоати Ворух, ки ҷониби Қирқизистон онро Булакбошӣ ном мебарад, даргирӣ рух дода буд.
Он замон бар асари тирпарониҳо аз ҷониби Қирғизистон, Муродбек Маҳмадқулови 26-сола, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки дар нерӯҳои марзбонӣ хизмат мекард, кушта шуда, ду тани дигар захмӣ шудаанд.
ВКХ Тоҷикистон он замон ин амалро иғвоангезии ҷониби Қирғизистон хонда, таъкид намуд, ки амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон хусусияти мунтазам гирифтаанд.