Тоҷикон 2,5 ҳазор сол пеш ҳасиб доштаанд: роҳандозии тавлидот бо усули аҷдодӣ дар Душанбе

Дар Душанбе корхонаи ҷадиди тавлиди ҳасиб фаъол гардид, ки бо ҷалби технологҳои хориҷӣ аз роҳҳои муосиру аҷдодии тавлидот истифода мебарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Теъдоди корхонаҳои ҳасиббарорӣ дар Тоҷикистон ба 16 адад расид, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳур зимни гузориш аз ифтитоҳи корхонаи нави "Акома".
Дафтари матбуоти раисҷумҳур дар мавриди номи корхонаи "Акома" тавзеҳ додааст, ки он аз луғати қадимаи тоҷикӣ гирифта шудааст ва таърихи беш аз 2500 сола дорад. Таъкид гардидаст, ки бо номи "Акома" дар қадим хуришеро тайёр мекарданд, ки иборат аз гушти қиммашуда дар рудаи гусфанд буда, ба ҳасиби замони ҳозира нисбат дода мешавад.
Манбаъ афзуд, дар корхонаи ҷадид бо усули қадимаи аҷдодӣ маҳсулоти гуштӣ истеҳол карда мешавад.
Гӯшт зиёду тухму шир кам: хоҷагидорони Тоҷикистон чӣ ва чанд истеҳсол кардаанд?
Инчунин коршиносон бо истифода аз маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла растаниҳои шифобахши диёр 50 навъи нави маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳоро ихтироъ карданд, ба маҳсулот хусусиятҳои шифобахшӣ илова намуд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар 8 моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 692 тонна маҳсулоти ҳасибӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 9,5 тонна зиёд аст.
Илова шудааст, ки дар 7 моҳи соли 2022 ба ҷумҳурӣ 1761 тонна маҳсулоти ҳасибӣ ворид гардидааст.
Зикр гардидааст, ки бо фаъолсозии корхонаи нави ҳасиббарорӣ таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот таҳким меёбад.