Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Тошканд

Дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Тошканди Ӯзбекистон давоми чанд рӯз беҳтарин филмҳои “Тоҷикфилм” ба намоиш гузошта мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар 14-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми Тошканд, ки аз 13 то 18 сентябр бо номи "Ҷашнвораҳои Ҷодаи Абрешим" дар пойтахти Ӯзбекистон сурат мегирад, Ҳафтаи филмҳои тоҷикӣ баргузор мешавад, иттилоъ додааст сомонаи расмии “Тоҷикфилм”.
Тибқи иттилои манбаъ, Рӯзҳои синамоӣ Тоҷикистон дар чорчуби 14-умин ҷашнвораи байналмиллалии филми Тошканд баргузор мешавад.
Дар рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон филмҳои достонӣ ва мустанади муассисаи давлатии Тоҷикфилм монанди “Охирин сайди саёд” ба коргардонии Муҳаммадраби Исмоил, “Ҷода” ба коргардонии Носир Саидов, “Духтари фариштагон” ба коргардонии Умедшоҳ Мирзоширинов, “Масири ҳамдили Созмони Ҳамкори Шанхай” ба коргардонии Файзулло Файзов ва “Се рӯзи як баҳор” ба коргардонии Рустамоҳ Азимов барои синамодустон ба намоиш гузошта мешавад.
"Оскар" ба Тоҷикистон меравад: дар кишвар ҷоизаи миллии синамо таъсис ёфт
Ҳамчунин дар чорчуби рӯзҳои синамоӣ Тоҷикистон дар Ӯзбекистон қарор аст тавофуқномаи оғози тавлиди филми муштараки ҳунари ва таърихии Дурахши ахтарон "Ҷоми ва Навоӣ" мунъақид шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар чанд соли ахир равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хусус дар бахши иқтисод, фарҳанг ва кишварзӣ дар ҳоли рушд ёфтан қарор доранд.