ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Шиддати даргириҳо дар марз бо Озарбойҷон коҳиш ёфтааст, изҳор дошт сарвазири Арманистон Никол Пашинян зимни суханронӣ дар парлумон.
"Шиддат коҳиш ёфт, аммо дар як-ду самт ҳанӯз ҳамлаҳо идома доранд", - гуфт Пашинян.
Вай таъкид намуд, ки амалиёти ҳамлаии Озарбойҷон нахуст дар чор самт оғоз шуда, сипас ду-се самти дигар илова гардид.
Сарвазир теъдоди талафоти Арманистонро 49 кушта гуфта, такъид намуд, ки ин ҳанӯз рақами ниҳоӣ нест.
Ереван шаби 12 ба 13 сентябр изҳор дошт, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карда, ҳамчунин "барои пешбурди мавқеъ дар баъзе манотиқ иқдом кардаанд".
Дар навбати худ Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз тир холӣ кардаанд ва даргирӣ рух додааст.
Арманистон ба далели ташдиди вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба Русия, СААД ва Шӯрои амнияти СММ муроҷиат кардааст.