ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Пешниҳоди баргардондани номи Остона ба шаҳри Нурсултон ба лоиҳаи тағйирот ба Конститутся ворид гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев аз ташаббус барои бозгардондани номи Остона ҷонибдорӣ намудаст. Қаблан инро вакилони парлумони Қазоқистон пешниҳод намуда буданд.
"Президент аз ин ташаббус огоҳ буда, пешниҳоди вакилон бо розигии раисҷумҳур ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ворид гардид", - навишт сухангӯи президенти ҶҚ, Руслан Желдибай.
Вай афзуд, ки тағйири номи дигар иншоот, ки ба хотири Нурсултон Назарбоев гузошта шудаанд, дар назар нест.
Ахиран гурӯҳе аз вакилони ҳизби "Жана Қазоқистон" (Қазоқистони нав) зимни пешниҳоди бозгардондани номи пойтахт гуфтанд, дуруст нест, ки шаҳрро дар замони зинда будани шахс ба номи ӯ гузоранд.
"Инчунин мардум номи нави пойтахтро қабул надоранд. Аз ин рӯ, баргардонидани номи пешини пойтахт – Остона, таърихан аз рӯи адолат мебошад, ки қаблан дар ин бора президенти аввал гуфта буд", - навиштаанд вакилон.
Маврид ба зикр аст, ки номи пойтахти Қазоқистон моҳи марти соли 2019 пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев, ки тақрибан 30 сол ин кишварро раҳбарӣ мекард, аз Остона ба Нурсултон табдил шуд.
Қосим Ҷомарт Тоқаев, ки қаблан раиси сенати (палатаи болоии) парлумони кишвар буд, раҳбари давлат шуд. Тоқаев баъд аз ба сари қудрат расиданаш пешниҳод кард, ки пойтахти кишвар шаҳри Остона ба шарафи президенти нахустини Қазоқистон ба номи Нурсултон иваз карда шавад.
Худи ҳамон руз парлумон тагйироту иловахои дахлдорро ба конституция кабул кард. Худи Назарбоев борҳо изҳор дошт, ки мухолифи ҳар гуна иваз кардани номи пойтахт аст.