ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тайи 8 моҳи аввали соли равон дар шаҳри Душанбе 16 корхонаю коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни гузориш аз ифтитоҳи маҷмааи истеҳсолии "Роҳсоз" дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, маҷмааи мазкур аз коргоҳҳои асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ, бетон, тахтасангу канорасангҳо иборат буда, бо ҳузури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд.
Дар доираи ифтитоҳ раисҷумҳур аз кори роҳбарияти Душанбе тавсиф карда, онро намунаи ибрат хондааст.
Аз ҷумла иқдоми роҳбарияти ҳукумати пойтахт дар самти фароҳамсозии имконоти мусоид ҷиҳати коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то ба ҳади ниҳоӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ намуна арзёбӣ шудаст.
Ба гуфтаи президент, бунёду мавриди истифода қарор гирифтани корхонаву коргоҳҳои нави саноать дар пойтахт барои татбиқи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар муҳим мебошанд.
Тавсифи раисҷумҳур дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва "Солҳои рушди саноат", 2022-2026 дар Душанбе соли 2021-ум 26 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дар 8 моҳи соли равон 16 адад мавриди истифода қарор дода шудаанд.