ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Саҳми пешвоёни дин дар пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ ва сулҳ, мубориза бо ифротгароӣ, радикализм ва терроризм, бахусус дар заминаи динӣ мавзуи суҳбати Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ мебошад.
Дар ин бора аз Маркази исломии Тоҷикистон ба хабаргузории "Ховар" иттилоъ дода, афзудаанд, ки Абдулқодирзода бо забони арабӣ сухан хоҳад ронд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамоиши пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри Нур-Султони ҷумҳурии Қазоқистон дар назар аст.
Таъкид шудааст, ки ин мулоқот таҳти унвони "Нақши пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ дар рушди иҷтимоию маънавии башарият дар давраи пас аз пандемия" баргузор мешавад.
Дар он иштироки руҳониён аз 50 кишвари ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, Попи Франсиск, Имоми олии Ал-Азҳар Шайх Аҳмад ат-Тайиб ва дигар пешвоёни рӯҳонӣ ширкат хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, Патриархи Маскав ва тамоми Русия Кирилл барои анҷумани VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ ба Қазоқистон намеравад.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш қабули эъломия дар назар аст, ки мавқеъи иштирокчиёни форумро оид ба таҳкими ҳамкориҳои байни тамаддунҳо ва мазҳабҳо, инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рушди ҷаҳон инъикос мекунад.