ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Омори гирифторӣ ба маризиҳои сироятӣ дар қиёс ба давраи мушобеҳи соли гузашта камтар аст, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии кишвар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ин мақоми Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо таъйиди ин ки шохиси гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар қиёс бо давраи мушобеҳи соли қабл зиёд нест, афзуд, дар ин шабу рӯз дар кишвар ҳеҷ мавриди сирояти шаҳрвандон ба коронавирус сабт нашудааст.
Аммо зимнан оқои Ҷаъфаров гуфт, бо ин вуҷуд иқдомоти ҷиддие дар робита ба муқобила бо вируси корона дар кишвар пиёда мешавад.
Бояд гуфт, ахиран Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози даври такрории ваксинагирӣ бар зидди коронавирус миёни афроди мусин хабар дода буд.
Ин марҳала аз ваксинагирӣ, ба иттилои масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон, марбути шаҳрвандони мусин, нафароне, ки бештар аз 60 сол син доранд, роҳандозӣ шудааст. Ин қишри ҷомеаи кишвар, ки ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифта буданд, вазорат эълон кард, ки онҳо метавонанд барои бори чаҳорум моякӯбӣ шаванд.