ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон ахиран дар як номаи саргушодаи унвонии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфтааст, ки толибон дар як тавтеаи дохилию хориҷӣ бар Афғонистон мусаллат ва дар замони тасаллут муртакиби нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар шудаанд.
Ин Шӯро бо барҷаста сохтани амалкардҳои толибон дар беш аз як соли пасин дар вилоятҳои Дойкундӣ, Панҷшер, Тахор, Бағлон ва шумории дигар аз вилоятҳои шимол ва шимоли шарқии кишвар, таъкид карда, ки илова бар ин толибон ба гурӯҳҳои тундрави террористӣ низ паноҳ додаанд.
Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон дар ин нома дар канори маҳкӯм кардани амалкарди толибон дар замони тасаллуташон бар Афғонистон, тадовуми тасаллути ононро нақзи ҳуқуқи башар, саркӯби мутолиботи адолати меҳвар ва тарвиҷи хушунату таҳдиде барои амнияти минтақа ва ҷаҳон донистааст.
“Мо аз шӯрои Ҳуқуқи башари СММ мехоҳем, ки нигарониҳои мардуми Афғонистонро дар мавриди фиқдони адолат, идомаи ҷиноят дар замони толибон, тарвиҷи ифротгароӣ ва тероризм ва кушторҳои дастаҷамъию ҳадафманд дар назар бигирад", гуфтааст Шӯро.
Шӯрои олии муқовимат аз СММ ва аъзои он ҳамчунон хостааст, ки толибонро дар феҳристи сиёҳи гурӯҳҳои террористӣ қарор дода ва аз ҳар гӯна кумак ба онон худдорӣ намоянд.
Ба боварии ин шӯро, ҳар гӯна кумак ба толибон, ҳимоят аз тероризми хоҳад буд.
Гуфтанӣ аст, ки 51-умин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ахиран дар шаҳри Женеваи Шветсия оғоз шудааст.