Шарикони тиҷории Тоҷикистон дар СҲШ: бо кӣ савдо зиёд шуду бо кӣ кам?

Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон бештар ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рост меояд, ки 4 ададашон аз ҷумлаи шарикони асосии тиҷориянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Муомилоти молии миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай - СҲШ тайи 7 моҳи аввали соли равон ба аз 2 млрду 871 млн доллар расидааст.
Дар ин бора хабаргузории "Авесто" бо такя ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ додаст.
Бино ба иттилои ин манбаъ, тиҷорати Тоҷикистон бо ду кишвари узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай - Қирғизистон ва Покистон дар ин муддат коҳиш ёфтааст.
Дар баробари ин, афзоиши савдо бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Русия, Чин, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ба қайд гирифта шудааст.
Вазъи савдои хориҷии Тоҷикистон: Ҷумҳурӣ чӣ пешравӣ дорад?
Аз қариб 2,9 млрд доллар ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар аз феҳристи СҲШ, 2,1 млрди он ба воридот рост меояд.
Содироти коло аз Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ наздики 800 млн долларро ташкил додаст.
Дар зимн Русия, Қазоқистон, Чин ва Ӯзбекистон шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Ҳаҷми тиҷорат бо ин кишварҳо дар 7 моҳи аввали соли равон аз 2 млрду 770 млн доллар гузашт. Дар ин давра тавозуни гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигари СҲШ манфӣ буда, воридоти маҳсулот аз ин давлатҳо ба ҷумҳурӣ нисбат ба содирот хеле бартарӣ дорад.