ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Силсилаи бохтҳои дастаи "Регар-ТадАЗ" дар даври 15-уми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ низ идома ёфтанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, "Регар-ТадАЗ" дар сафар аз тими "Истаравшан" бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Таъкид шудааст, ки ҳар се голро истаравшаниҳо заданд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар ин бозӣ Ҷаъфар Исмоилов дар дақиқаи 13 ҳисобро кушод. Ҳусейн Нурматов як голро ба дарвозаи дастааш, як голи дигарро ба дарвозаи ҳариф ворид кард.
Ин бохт дар ҳолест, ки дар пайи бохт дар давраҳои қаблӣ сармураббии "Регар-ТадАЗ" иваз шуд. Ба ин мақом, Алиёр Ашӯрмамадов таъйин шуда, Ҳикмат Фузайловро иваз кард.
Фузайлов дар ҷамъбасти бозиҳои даври 14-уми қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни дастаҳои Лигаи олии ҷумҳурӣ аз мақомаш истеъфо дод.
Дар ин давр дастаи Турсунзода силсилаи бозиҳои бебарорро дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 идома дода, бори нуҳум дучори бохт шуда буд.
Тими "Регар-ТадАЗ" дар мавсими нав натоиҷи хуб то ҳол нишон надодааст ва феълан дар мақоми охирини ҷадвали интирокдорони қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ қарор дорад.