ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай метавонад барномаи наверо барои субот ва рушди Афғонистон таҳия кунад, изҳор дошт раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.
Ӯ бо нашри мақолае дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд, дар бораи нақши ин созмон дар ҷаҳон андешаронӣ карда, ба вазъи ҷумҳурии ҳамсоя низ дахл кардааст.
Ба гуфтаи Мирзиёев, СҲШ бояд ба Афғонистон дасти кумак дароз кунад. Вай муътақид аст, ки ба ин кишвар бояд роҳҳои муассири раҳоӣ аз бӯҳрони дарозмуддат, тавассути мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамгироии он ба равандҳои рушди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пешниҳод карда шаванд.
"Бо наздик кардани мавқеъҳоямон мо метавонем барномаи нави СҲШ-ро барои Афғонистони осоишта, амн ва шукуфон таҳия кунем", - таъкид кард Мирзиёев.
Вай тавзеҳ дод, ки ин ягона роҳи эҷоди фазои устувор дар доираи СҲШ бо амнияти тақсимнашаванда мебошад.
"Итминон дорам, ки СҲШ бояд таҷрибаи муваффақияти худро бо Афғонистон табодул кунад. Ин кишвар як ҷузъи ҷудонашавандаи фазои бузурги СҲШ аст", - афзуд президенти Ӯзбекистон.
Дар зимн Мирзиёев, бунёди долони фароафғонистониро пешниҳод кард, ки метавонад рамзи ҳамкориҳои мутақобилан судманди байниминтақавӣ гардад. Ӯ муътақид аст, ки татбиқи ин тарҳ натанҳо вазифаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва нақлиётию коммуникатсиониро ҳал мекунад, балки дар таъмини амнияти минтақавӣ низ саҳм мегузорад.