ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Беш аз 33%-и содироти саноати Тоҷикистон ба сангу филизоти қиматбаҳо рост меояд.
Ин нуктаро Шавкат Бобозода, раиси Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон дар суҳбат бо нашрияи ҳукуматии "Ҷумҳурият" баён дошт.
Вай зикр намудаст, ки аз ҷумла дар нимсолаи аввали соли равон ба андозаи 1,2 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар фурӯхта шудааст.
Бобозода зимни тавзеҳи сохтори содироти саноатӣ таъкид кардааст, ки 33,4% аз ҳаҷми умумӣ ба фурӯши сангу филизоти қиматбаҳо рост меояд.
Дар ҷойи дуюм нахи пахта ҷой гирифтааст, ки 10,5%-ро аз аз ҳаҷми умумӣ фаро мегирад.
Консентрати мис низ ба феҳрасти маҳсулоти саноатии содиротии Тоҷикистон шомил гардидад, саҳми он муодили 7,1% аст.
Ҳиссаи алюминийи аввалия, ки дар таркиби арзиши содирот 7,2% ҳисоб карда шудааст.
Консентрати руҳ - 7,1%, консентрати сурб - 4,8%, сурма - 4,5%, риштаи пахтагӣ - 2,3%, семент - 1,7% ва неруи барқ 3,7%-и содироти маҳсулоти саноатӣ аз Тоҷикистонро ташкил додаст.
Ба гуфтаи раиси Агентӣ, инчунин ба маблағи 6,9 млн доллар ангишт содирот гардид, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 млан доллар зиёд аст.