Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия талафоти Украина тайи рӯзҳои охирро эълон кард

Талафоти нерӯҳои украинӣ танҳо дар самти Николаево-Криворожск тайи рӯзҳои охир зиёда аз 4 ҳазор нафар арзёбӣ шуда, садҳо техника нобуд гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Нерӯҳои ҳавоии Русия бошишгоҳи муваққатии қувваҳои хушкигарди Украинаро дар минтақаи Николаев ҳадаф қарор дода, беш 100 нафарро куштаанд.
Дар маҷмуъ теъдоди талафот дар ин минтақа ҳудуди 4 ҳазор нафар мебошад, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Вазорати дифои Русия.
"Дар самти Николаево-Криворожск бо зарбаҳои мушакӣ нуқтаи ҷойгиршавии воҳидҳои бригадаи 36-уми нерӯҳои хушкигарди Украина нобуд гардид", - омададаст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки аз 6 то 10 сентябр талафоти низоми Киев беш аз 4 ҳазор куштаю зиёда аз 8 ҳазор маҷруҳро ташкил медиҳад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия аз амалиёт дар Украина чӣ бурду чӣ бохт? Посухи Путин
Дар баробари ин бо зарбаҳо ба нуқтаҳои ҷойгиршавии бригадаи 92-юм ва бригадаи 113-уми мудофиаи ҳудудӣ дар вилояти Харков беш аз 200 низомию зиёда аз 20 адад техника нобуд шудаанд.
Дар зимн Вазорати мудофиаи Русия 10 сентябр эълон карда буд, ки нерӯҳо аз Балаклея ва Изюм ба самти Донетск равона шудаанд, то ҳадафҳои гузошта дар Донбассро бароварда созанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24-уми феврали соли равон амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз карда, ҳадафи онро ҳимояи Донбасс ва теъмини амнияти худи ФР арзёбӣ намуд.