ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Маскав музокирот бо Киевро рад накардааст, аммо таъхири он мушкилзо хоҳад буд, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия зимни суҳбат аз тариқи шабакаи "Россия-1".
"Онҳое, ки рад мекунанд, бояд донанд, ки ҳар қадаре онҳо ба дарозо мекашанд, ҳамон қадар ёфтани забон мушкилтар мешавад", - гуфт Лавров.
Ӯ таъкид намуд, ки Маскав медонад, чӣ тавр ба ҳадафҳои гузоштааш расад.
Лавров қаблан изҳор дошт, ки Маскав нимаи моҳи апрел ба ҷониби Украина бо назардошти усулу мантиқҳои пешниҳодкардаи Киев ба онҳо санад пешниҳод намуд. Аммо аз он замон инҷониб ҳеч садое аз онҳо шунида намешавад, гуфт ӯ.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.