Иштироки ҷудокорони собиқадори тоҷик дар чемпионати ҷаҳон таҳти мураббигии Устопириён

Дар мусобиқаи “Krakow World Championships Veterans 2022” дар риштаи ҷудо, ки то 11 сентябр давом мекунад, то ҳол ду варзишкори тоҷик нишони биринҷӣ гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Қутбуддин Баҳодуров дар вазни 60 кило ва Ҳақназар Соҳибназаров дар вазни 73 кило сабқатро дар рӯзи сеюми чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорон бохтанд.
Ба гузориши телевизиони "Варзиш", Қутбуддин Баҳодуров рақобатро аз чорякниҳоӣ муқобили намояндаи Фаронса - Франк Ҳеберт оғоз карда, ба ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври нимниҳоӣ аз ҷудочии Белгия Эрманно Агостини ва дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз Антонио Ло Монакои итолиёвӣ шикаст хӯрд.
Манбаъ афзуд, ки Ҳақназар Соҳибназаров дар нахустин рақобаташ аз ҷудокори Белгия - Стивен Пирсманс ноком шуд.
Устопириён осеб дидаст ва ба "Zagreb Grand Prix 2022" намеравад
Дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон дар шаҳри Кракови Лаҳистон 890 ҷудокор аз 59 кишвар аз рӯи 14 вазн зӯрозмоӣ доранд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 нафар - Қутбиддин Баҳодуров (-60 кг), Соҳибназар Ҳақназаров (-73 кг), Абдулфайз Солиҳов (-73 кг), Ҷонибек Маҳмудзода (-81 кг), Шоҳҳусейн Раҳимов (-81 кг), Қамари Оятулло (-90 кг), Вали Сулотонзода (-90 кг), Собир Шарифов (-100 кг), Фаридун Устопиров (-100 кг) ва Неъматулло Асранкулов (+100 кг) зери роҳнамоии мураббӣ Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ доранд.
Аз ин то ҳол Оятуллои Камарӣ дар вазни 90 килова Неъматулло Асронқулов барандагони нишонҳои биринҷии Қаҳрамонӣ гаштанд.