Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

"Мста-Б" қувваҳои мусаллаҳи Украинаро пора-пора мекунад - видео

Ин туфанг, ки қодир аст дар масофаи то 30 км тирандозӣ кунад, ҳам аз мавқеъҳои пӯшида ва ҳам мустақим бидуни омодагии пешакӣ истифода мешавад
Sputnik
Тирандозони Русия аз гаубитса152 миллиметрии "Мста-Б" дар минтақаи амалиёти махсуси низомӣ фаъолона истифода мекунанд, хабар медиҳад вазорати дифои Русия.
Наворҳо нишон медиҳанд, ки чӣ гуна ҳисобҳои низомии Ҳавзаи низомии ғарбӣ барои нобуд кардани сохторҳои мустаҳками қувваҳои Украина аз лавозимоти ҷангии дорои маводи тарканда истифода мекунанд.
"Ба постгоҳи гурӯҳи тактикӣ дар бораи ҷойгиршавии истгоҳҳои душман иттилоъ расид. Координатҳои қувваҳои Украинаро ба "Мста-Б" интиқол медиҳанд. Бар асоси координатҳои интиқолшуда, экипажҳо ба тирпарронӣ пардохтанд", - гуфта мешавад дар шарҳи вазорат дар бораи видео.
Занбӯр чӣ тавр неш мезанад? Низомиён ҷанги зиддиҳавоиро намоиш доданд- видео
Фармондеҳи батарея тавзеҳ дод, ки тавонистааст бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин макони душманро ошкор кунад.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".