ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Шоҳзода Чарлз расман подшоҳи нави Британияи Кабир Карл III эълон шуд, хабар медиҳанд расонаҳои Англия.
Эъломияи ӯро як қатор мансабдорон, аз ҷумла писараш Вилям, лорд президенти Шӯрои мерос Пенни Мордаунт, архиепископи Кентербери ва дигарон имзо карданд.
Маъмулан раванди интиқоли тахт дар шӯрои ворисонӣ сурат мегирад, ки рӯзона дар кохи Лондон дар Сент Ҷеймс ҷамъ мешавад, аммо ин дафъа онро ба таъхир андохтан лозим омад, зеро хабари марги малика бевақтии шом расид.
Подшоҳи нав дар таърихи кишвар куҳансолтарин ҳоким гардид.
Барои расидан ба мақоми шоҳӣ ӯ 65 сол интизор шуд.
Ёдовар мешавем, ки Елизавета II дар шоми 8 сентябр даргузашт, вай 96-сола буд.
Монарх дар қалъаи Шотландия Балморал дар оғӯши оилааш вафот кард. Вай дар тӯли 70 сол тахти салтанатро дар ихтиёр дошт, ки ин ӯро тӯлонитарин ҳоким дар таърихи кишвараш кард.