ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Толибон иддао доранд, ки дар Афғонистон рӯзноманигорон бо ҳукумат ҳеҷ мушкилоте надоранд, иттилоъ додаанд расонаҳои маҳаллӣ.
Дар нишасти гузоришдиҳии вазорати иттилоот ва фарҳанги давлати муваққати Толибон, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи давлати Толибон ҳам гуфт, дар як соли гузашта аз фаъолияти ҳеҷ расонае ҷилавгирӣ нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Хайруллоҳ Хайрхоҳ, сарпарасти вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати толибон афзуд, дуруст аст, ки гоҳ гоҳе мушкилоте пешомада, ин мавзӯъот дар дохили кишвар ҳар аз гоҳе иттифоқ меафтад.
Ин гузориши вазорати иттилоот ва фарҳанги давлати муваққати толибон дар ҳоле аст, ки Созмони гузоришгарони бидӯни марз бо нигаронӣ аз авзоъи хабарнигорон дар Афғонистон, эълом кард, баъд аз ба қудрат расидани толибон дар ин кишвар, 59 дарсади хабарнигорон бекор шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, пас аз ба қудрат расмдани гурӯҳи толибон дар Афғонистон шумори зиёде аз хабарнигорон, ин кишварро тарк карданд ва бисёре аз расонаҳои чоппӣ, тасвирӣ ва шунидорӣ ҳам таътил шудаанд.