Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфт

Раҳбари Русия дар паёми шодбошии худ ба дастовардҳои Душанбе дар замони истиқлол ва равобити дӯстонаи дуҷониба бо Маскав ишора кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон барқияи шодбошӣ ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар додааст.
Дар ин паём сарвари Русия табрикоти самимӣ расонида, ҳамчунин аз муваффақиятҳои Душанбе дар 31 соли ахир ёдовар шудааст.
"Кишвари шумо дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуда, дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳими созанда дорад", — омадааст дар хабар.
Путин ҳамчунин ба рушди босуръати равобити Русия ва Тоҷикистон ҳамчун муттаҳидон ва шарикони стратегӣ таваҷҷӯҳ кард.
Шодбошию ҳушдори Раҳмон дар 31-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон
Сарвари Кремл нақши калидии ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ИДМ, СПАД, СҲШ ва дигар сохторҳои бисёрҷонибаро таъкид кардааст.
"Ман итминон дорам, ки мо ҳамкориҳои пурсамари Русия ва Тоҷикистонро дар оянда ҳам ба нафъи халқҳои дӯстамон, ба манфиати таъмини сулҳу амният ва субот дар Осиёи Марказӣ идома хоҳем дод", - омадааст дар паём.
Раисиҷумҳури Русия дар охир ба Раҳмон саломатӣ ва комёбӣ ва ба мардуми тоҷик хушбахтиву шукуфоӣ таманно кард.