ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Малика Елизавета II-и Бритониё дар синни 97-солагӣ даргузашт, иттилоъ додааст қасри Букингем.
Елизавета II дар тӯли 70 сол маликаи Бритониё буд ва тӯлонитарин подшоҳ дар таърихи ин кишвар будааст.
Қаблан дар бораи якбора бад шудани вазъи саломатии малика хабарҳо паҳн шуданд. Табибон тавсия доданд, ки малика зери назорати табибон қарор бигирад.
Ҳамзамон, Қасри Букингем қайд кард, ки Елизавета II "худро хуб ҳис мекунад".
Дар пасманзари хабарҳо дар бораи вазъи саломатии малика, шоҳзода Чарлз ва шоҳзода Уилям ба қароргоҳи ӯ расиданд.
Сарвазири нави Бритониё Лиз Трасс гуфт, ки кишвар аз чунин хабарҳо ба таври ҷиддӣ нигарон аст ва ман ва тамоми мардум дар саросари Британиё дар канори наздикону хонаводаи Малика ҳастем."
Дар охири моҳи феврал расонаҳо дар бораи мушкили ҷиддии саломатии Елизавета II хабар доданд. Ҳангоми вохӯриҳои расмӣ дар қалъаи Виндзор малика қайд кард, ки вай бо мушкили ҳаракат мекард. Дар охири моҳ маълумот дар бораи сирояти малика ба коронавирус расонаӣ шуд.
Пас аз марги Елизавета II шоҳзода Чарлз ба тахт нишаст. Чарлз исми Карл III-ро интихоб кард.