Маҳви гурӯҳи нашъаҷаллоб, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон маводи мухаддири афғонӣ бурд

Кормандони мақомоти қурдратии Қирғизистон тавонистаанд аз қочоқи маводи мухаддири афғонӣ дар масири Тоҷикистон бо ин кишвар пешгирӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар вилояти Ӯши Қирғизистон кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии амалиёти вижа анҷом додаанд, ки дар натиҷаи он аз фаъолияти як гурӯҳи байналмилалии нашъаҷаллоб пешгирӣ шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ҷумҳурӣ, қочоқбарон маводи нашъаовари вазнин – чарси тавлиди Афғонистонро интиқол медоданд.
Сухан дар бораи 17,2 кг маводи мухаддир меравад, ки дар масири Тоҷикистон – Қирғизистон мегузашт.
Афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон пас аз ба қудрат расидани толибон
Мёни боздоштшудаҳо узви иттиҳодияи ҷамъиятии "Палатаи "Элдик"-и Анҷумани халқии зидди фасод низ будааст.
Дар ҳоли ҳозир гумонбаршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Ӯш ва вилояти он ҷойгир шудаанд.
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои муайян кардани аъзои дигари гурӯҳи нашъаҷаллоб чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.
Қаблан Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия гуфта буд, бо вуҷуди ваъдаҳои толибон, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон на танҳо коҳиш наёфтааст, балки ҳатто густариш ёфтааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ изҳор дошт, ки афзоиши вуруди нашъаи афғонӣ нишон медиҳад, ки толибон дар ин самт вақдаашонро иҷро накардаанд ва он бамаротиб зиёд шудааст.