ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Мубодилаи молу маҳсулот байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва минтақаҳои Ӯзбекистон 197 миллион долларро ташкил дод, иттилоъ додааст раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилоятҳои Суғд ва Фарғона.
“Мубодилаи молу маҳсулот бо минтақаҳои Ӯзбекистон дар муқоиса бо соли 2017 ду баробар зиёд гардида, соли гузашта 207,5 миллион ва дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 197 миллион долларро ташкил дод”, - гуфт Раҷаббой Афҳмадзода.
Раиси вилояти Суғд ҳамзамон барои таҳкимбахшии муносибатҳои иқтисодӣ изҳори омодагӣ карда, илова намуд, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек метавонанд дар азхудкунии заминҳо бо усули обёрии қатрагӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳо, корхонаҳои саноатӣ ҳамкориро тақвият бахшанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон баргузор шуд.
Ба вилояти Суғд раисони шаҳру ноҳияҳои Риштон, Қувасой, Данғара, Бешариқ, намояндагони Палатаи савдо ва саноат, роҳбарони беш аз 30 ширкати истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ омадаанд.
Дар он Раиси вилояти Суғд, ҳокими вилояти Фарғона, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, соҳибкорону тоҷирони тоҷику узбек иштирок намуданд.
Дар ин форум таъкид шудааст, ки дар вилояти Суғд 800 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар корхонаҳои саноатӣ 300 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ номгӯи зиёди маҳсулот истеҳсол шуда, ҳамасола садҳо тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ содирот мегардад. Дар вилоят ҳамзамон солона 150 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардида, маҳсулоти пахтагин истеҳсол мешавад.
Вилояти Суғд бо беш аз 60 давлати олам ҳамкории иқтисодӣ дошта, гардиши савдои хориҷии он солона 2,5 миллиард доллар аст.