Сомонӣ дар баробари рублу евро ва доллар боз боло рафт: қурби асъор

Дар Тоҷикистон поинравии қурби асъори хориҷӣ аз оғоз ҳафта сар шуда, арзиши пули миллӣ дар ҷумҳурӣ дар нисбати асъор боло рафта истодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Ба асоси он қурби расмии рубли Русия дар Тоҷикистон ба 0.164 сомонӣ баробар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ барои 1000 рубл 164,5 ва дар оғози ҳафта 165,5 сомонӣ медоданд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин қурби 1 доллари ИМА-ро 10.2425 сомонӣ ва 1 евроро 10.1657 сомонӣ муқаррар намудааст, ки нисбати нишондоди охири ҳафтаи гузашта поинтар мебошад.
Манбаъ дар мавриди харидуфурӯши асъори нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ба ҳисоби миёна феълан 1 доллар аз 10.2425 то 10.1500 сомонӣ, 1 евро аз 10.1657 то 10.1400 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1640 то 0.1665 сомонӣ арзиш доранд.
Путин гуфт, эътимод ба доллару евро кам шуд: бо айби кӣ?
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Раванди устуворшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Икром, раиси "Амонатбонк" гуфт, таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳолӣ ба сомонӣ бештар шудааст.
"Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки ин бонк танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 2,5 млрд сомонӣ ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд, афзуданд масъулини "Амонатбонк".