Ноболиғ зери чархи "Лексус RХ-350" ҷон дод: ВКД ҳодисаро таҳқиқ мекунад

Дар пайи ноуҳдабароии ронандае дар Тоҷикистон ноболиғе зери чархи мошин монду ҷон дод. Мақомот ҳодисаро таҳқиқ ва барои пешгирии чунин ҳаводис чора меандешанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Садами мудҳиши нақлиётие дар ноҳияи Рӯдакӣ боиси марги мактабхоне шуд.
Ноуҳдабароии ронандаи худрави "Лексус RХ-350" дар ҳудуди ноҳияи боиси марги писари 9-сола шуд, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 7-уми сентябр, соати 12:30 дақиқа рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашина, Шарифзода Муҳаммади 27-сола, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми харакат дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Лақаев Абубакрро пахш намудааст.
"Дар натиҷа хурдсол ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.
ВУД мегӯяд, дар бораи ҳодисаҳо рухдода таҳқиқот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран ин ниҳод аз марги як духтарчаи 10-сола зимни садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён хабар дода буд.
Дар роҳҳои Тоҷикистон рейдҳои БДА доир мешавад: сабаб
Ин ниҳод гуфт, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, Усмоналиев Манучеҳри 26-соал, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба Вахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Баҳромзода Ҳодисаи Зоиршоҳро пахш мекунад.
Ин ноболиғ низ бар асари ҷароҳат дар беморхона ҷон медиҳад.
Ёдовар мешавем, дар робита ба оғози соли нави хониш дар роҳҳои Тоҷикистон амалиёти "Бачаҳо" роҳандозӣ шудааст.
Ҳангоми гузаронидани ин иқдом кормандони БДА аз ронандагон хоҳиш мекунанд, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд ва инчунин дар пиёдагузарҳо аз эҳтиёт кор бигиранд, чун гуштугузори хурдсолон бештар шудааст.