Небензия ба "хаёлҳои" Ғарб дар бораи гурезагон аз Украина посух дод

Дипломат ба иттиҳомоти бардурӯғи Иёлоти Муттаҳида, Албания ва Британияи Кабир дар бораи муҳоҷирони гӯё иҷборан ихроҷшудаи украинӣ ишора кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Гурезаҳое, ки аз Украина ба Русия мераванд, аз расмиёти сабти ном мегузаранд, на аз “филтр”.
Дар ин бора Василий Небензя, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар ин созмон зимни нишасти Шӯрои амнияти СММ изҳор дошт.
Дипломат таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки расмиёти мушобеҳ дар Полша ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки оворагони дохилии украиниро қабул мекунанд, истифода мешаванд.
"Ҳамкасбони ғарбӣ дар бораи ихроҷи иҷбории украиниҳо ба қаламрави Русия аз воқеият то чӣ андоза бо хаёлҳои худ дур рафтаанд, ки аз вазъ "дар замин" дида мумкин аст", - гуфт ӯ.
Небензя ҳамчунин афзуд, ки ҳатто расонаҳои ғарбӣ наметавонанд аз он нодида бигиранд, ки теъдоди зиёди гурезаҳо талош доранд ба қаламравҳои Украина, ки Русия озод кардааст, ворид шаванд.
"Дар гузаргоҳи Запороже навбати тӯлонӣ саф ороста дида мешавад, ки тавассути он ҳар рӯз то 700 нафар пас аз фаҳмидани маълумоти объективӣ аз дӯстону наздикон дар бораи ҳаёти осоиштаи зодгоҳҳо ва деҳоти худ ба хона бармегарданд", - хулоса кард дипломат.
Коротченко: Тамоми қаламрави Украина бояд таҳти назорати Русия гузарад
Қаблан намояндагони Иёлоти Муттаҳида, Албания ва Бритониё Маскавро муттаҳам карда буданд, ки гӯё алайҳи украиниҳое, ки ба Русия ва ё дар қаламравҳои таҳти назорати он ворид мешаванд, "амалиёти софзозӣ" анҷом додааст.
Дар ҳамин ҳол, ёвари дабири кулли СММ дар умури ҳуқуқи башар Илзе Брандс-Кехрис ин далелро тасдиқ кард, ки ба гурезагон дар қаламрави Федератсияи Русия имкони бозгашт ба Украина ё рафтан ба кишвари дигар дода шудааст.