Коршиноси покистонӣ: Иддаои толибон дар бораи амнияти Афғонистон як афсона аст

Сиёсатмадор ва узви пешини сенати Покистон иддаои гурӯҳи толибон дар бораи таъмини амнияти тамоми Афғонистонро як афсона хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Иддаои толибон дар бораи таъмини амният воқеият надорад, гуфтааст Афросиёб Хатак, коршиноси покистонӣ дар гуфтугӯ бо расонаҳо, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадори покистонӣ, бо гаштзании ҳавопаймоҳои хориҷӣ дар осмони Афғонистону шиллики мушак аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, иддаои толибон дар барои озодии Афғонистон ҳаққатан "як афсона" аст.
Ин узви пешини сенати Покистон дар мусоҳиба бо як расона гуфт, ки то кунун "меъморони муомилаи давҳа" мумкин аст мутаваҷҷеҳ шуда бошанд, ки қарор додани террористҳо барои дастгирии дигари террористон иддаи хубе набудааст.
Ӯ бо ишора ба афзоиши ҳамалот дар Афғонистон гуфт, ҷаҳон бо пушти пой задан ба мардуми Афғонистон бадбахтиро дар сатҳи васеъ барои афғонҳо ба вуҷуд оварда ва ҳамчунин як таҳдиди террористии хатарнок барои худ эҷод кардааст.
Муҷоҳид: мардуми Афғонистон дар таҳкими пояҳои низом бо ҳукумат ҳамкорӣ кунанд
Афросиёби Хаттак, таҳлилгари сиёсӣ ва яке аз раҳбарони аршади ҷумбиши миллӣ демократик аст. Ӯ қаблан ба унвони раиси камиссиюни ҳуқуқи башари Покистон ва узви сенати ин кишвар фаъолият доштааст.
Дар моҳҳои ахир гаштзании паҳподҳои амрикоӣ дар осмони шаҳрҳои мухталифи Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Изҳороти ин сиёсатмадори покистонӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки сарпарасти вазорати хориҷаи толибон ахиран дар нишасти хабарӣ дар Кобул аз Амрико хост то ба тавофуқномаи давҳа пойбанд бимонад ва дигари ҳарими ҳавои Афғонистонро нақз накунад.
Амирхон Муттақӣ, гуфт ки ин мавзуро аз роҳи дипломотӣ дунбол мекунад ва аз ҷаҳон низ хост, ки бар Амрико фишор биёранд ҳарими ҳавои Афғонистон нақз нашавад.
Аз сӯии дигар бо афзоиши ҳамалоти инфиҷорӣ дар Афғонистон мақомҳои толибон таъкид мекунанд, ки ин гурӯҳи амниятро таъмин кардааст .